Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Некмардон ҳаргиз намиранд”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ман, Малика Комилова, духтури ҷарроҳ мебошам.

Иҷоза диҳед, қабл аз баёни қисаам чанд андешаи худро баён созам. Қиссаҳои ҷолибу ибратомӯзи торнамои “Озодӣ”, ки бархе ҳамзамонони мо менависанд, маро бо интернет қарин кардааст.
Ҳарчанд медонист, ки дардаш саратон асту давое надорад, вале тан намедод. Ҳатто дар рӯзҳои охири умраш, ки базӯр роҳ мерафт, омада дар канори мо шогирдон меистоду дар рафти амалҳои ҷарроҳиҳои вазнин мадори дили мо мешуд...


Ба андешаи ман донистани чунин қиссаҳо аз рӯзгори дигарон зеҳну ҳуши моро метавонад такон бидиҳад ва ноаён дар зиндагии хонандаи он, нақши созандае бибозад. Маҳз ҳамин қиссаҳои «Озодӣ» ба дасти мани табиб қалам дод, ки қиссаеро аз зиндагии як ҳампешаи худ бинависам.

Ӯ марде буд хеле наҷиб, заминӣ, шикастанафс ва инсондӯст. Шояд барои бархеҳо ин калимаҳое, ки дар сифати қаҳрамони қиссаи худ ва дар оғоз кор бурдам, танҳо калима бошад, вале барои мани шогирду ҳамкор, ки барои худ хушбахтӣ медонам бо чунин марди наҷиб ҳамкору ҳаипеша будаам, танҳо вожаи холӣ нестанд. Балки дар паси ҳар яке ан ин калимаҳо заҳматҳои сангину талошҳои афзун ва арақҳои зиёди ҷабинро мебинам.

Қаҳрамони қиссаи ман тамоми умри ками худ ва сиҳатии худро сарфи хушбахтиву сиҳатии дигарон кардааст. Оре, кори табибон ҳамин аст, вале маҳз дар замони мо каманд чунин табибоне,ки зинда мондани як бемор ва аз марг наҷот ёфтани як кӯдак барои худи онҳо арзиши ёфтани умри дубораро дошта бошад.

Қаҳрамони қиссаи ман Кенҷа Маззаков ном дорад ё ном дошт. Охири моҳи май ба марги ӯ 1 сол пур шуд. Ҳамагӣ 47 сол умр дид. Ин фурсат ба назар басо кӯтоҳ менамояд, вале то ҳамон вақте ки шумораи хеле зиёди кӯдакони аз панҷаи марг раҳододаи ӯро ба ҳисоб нагирифта бошем. Дар ҳисоби 2 фарзанди ӯ, ҳамин кӯдаконе, ки замоне беҳушу беёд болои мизи ҷарроҳӣ мехобиданду дар ҳифзи ҷонашон устод Кенҷа бо марг дар набард буд, давоми умри кӯтоҳи ӯ мебошанд.

Рӯзе, ки ҷароҳии вазнине дар нақшаи кориаш мебуд, мо ҳама шогирдон ба масал дар сари сӯзан қарор доштем. Чунки ба ҷуз бемор ва ҷарроҳӣ, чизи дигаре ва ё каси дигаре наметавонист даъвои муҳимиятро кунад.

Ёдам меояд, боре писарбачаи тақрибан 12-солаеро ба шӯъбаи мо оварданд, ки зери чархи мошин мондаву гурдааш пора-пора шуда буд. Устод мисли шере, ки дар қафасаш кардаанд, безобита буд. Ҳарф намезад ва ҳарфи касе ҳам ба гӯшаш намедаромад. Дар нигоҳаш осори ташвишу нигаронии беҳад дида мешуд. Пайваста нишондоди ташхисро аз назар мегузаронду ботаассуф сар меҷунбонд. Модари зори писарча бошад беист ашк мерехту қадам ба қадам бо устод роҳ мерафту бо чашмони ашкбор суол мекард: «Духтур, бигӯед, ки писарам зинда намемонад?»

Устод сари модари бечораро,ки аз сару либосаш маълум буд, ки зани фақире ҳаст, сила карда мегуфт, «ҳоло чизе гуфта наметавонам. Дуо кунед, хоҳарам, дуо! Дуо кунед, ки Худо ба мо мадад кунаду коре аз дастамон биёяд.»

Ҷарроҳии писарак тақрибан 3 соат давом кард. 3 соат беист устод сари пой истода, гурдаи пора-пораи писаракро дарбеҳ кард, хурдтарин рагҳои хунгузари гурдаро ба ҳам васл намуд. Вақте ҷарроҳӣ поён ёфт, чашмам ба устод афтод, ки сартопояш мисле, ки ба об даромада бошад, тар буду пешона ва гарданашро ёвараш беист аз арақ пок мекард.

Устод аз толори ҷарроҳӣ берун омада, ба духтури дигар чанде доруву дармон фармоиш доду ман аз қафояш нигоҳ мекардам, ки пойҳои бемаҷолаш тани хастаашро кашон-кашон то утоқи кориаш бурданд. Пас аз чанд лаҳза барояш чои гарм дуруст кардам. Дарро нимбоз кардам, ки такя ба курсӣ андохта хобаш бурдааст, пас гаштам. Вале модари зори писаракро наметавонистам аз назди дари устод дуртар бубарам ва ором кунам. Ҳамин вақт дари утоқи устод боз шуду бо садои хаста гуфт, «Малика, мон дарояд» ва афзуд, «барои он ки дили ин модарро фаҳмӣ, бояд худ модар бошӣ ва як лаҳза худро ар ҷои ӯ бубинӣ. Биё, хоҳарам, биё гуфту модари писаракро ба утоқи қориаш хонд. Мо шогирдон аз пушти дари нимбоз гӯш мекардем, ки модари гирён ором карда гуфт, «дуоят мустаҷоб шуд, хоҳарам. Метавонӣ дигар гиря накуниву шукри Худо гӯӣ. Писарат зинда мемонад ва боз ҳамин қадар ғамат медиҳад, ки мондан гир.»

Лабҳои модари писарак моили табассум шуду дастони устодро бӯсиданӣ шуд. Устод бошад, «не, не хоҳар, ҳаргиз ин корро накун. Ин вазифаи ман аст ва онро бо мадади Худои меҳрубон ва баъд рӯҳи Абӯалӣ Сино ба ҷо овардам. Бирав, хоҳарам , акнун каме дам бигиру бегоҳ омада писаратро хабар бигир. Насиб бошад, то омаданат ҳушёр шуда, гап ҳам мезанад.»

Бале, писари он модар ва боз писарони садҳо модарони дигар аз зери дастони мӯъҷизакори устоди мо саломат бархоста, шодии дили модарони худ гаштанду аммо устоди мо аз дасти дарди беамон натавонист ҷон ба саломат бубарад.

Ҳарчанд медонист, ки дардаш саратон асту давое надорад, вале тан намедод. Ҳатто дар рӯзҳои охири умраш, ки базӯр роҳ мерафт, омада дар канори мо шогирдон меистоду дар рафти амалҳои ҷарроҳиҳои вазнин мадори дили мо мешуд.

Мо бо ҳам дар шӯъбаи кӯдаконаи ҷарроҳии узвҳои дарунаи беморхонаи ҷумҳуриявии ба номи Дякови Тоҷикистон, тайи чандин сол кор кардем. Ӯ ба ман ҳаққи устодӣ ва низ падарӣ дошт. Устод Кенҷа худ зодаи ноҳияи дурдасти Ҷилликӯл буда, бо талошҳои пайваста ва заҳматҳои сангин ба дараҷаи як ҷарроҳи номдор ва табиби шинохтаи кишварамон расида буд. Дар тарбияи шогирдон ва рост кардани дасти мо ҳаргиз истиҳола намекард. Агар бо суоле ба ӯ муроҷиат мекардем, дар кадом вазъу ҳолате набошад, муфассал мефаҳмонд ва кӯшиш мекард, ки ягон ҷарроҳиашро бе иштироки мо нагузаронад.

Мегӯянд, чорасозон дар илоҷи кори худ дармондаанд. Худ табиби ҳозиқ буду садҳо нафарро аз панҷаи марг раҳонида буд, вале ба дарди худ давое ёфта натавонист. Дақиқтараш даво ёфтан намехост.

Ба мо шогирдону ҳамкорон чеҳраи ранггумкарда ва беҳолу бемадораш мегуфт, ки ӯ сахт бемор асту рӯзҳои зиндагияш башумор мондаанд, на худи ӯ. Ҳаргиз шикоятро дӯст намедошт. Бемор буду худро бардам нишон медод. Шӯхӣ мекард ва кӯшиш мекард, ки дар бораи вазъи саломатиаш напурсанду ӯ нагӯяд.

Барои устод Кенҷа ҳаргиз кӣ будану куҷоӣ будан ва ё пул доштану надоштани бемор аҳамият надошт. Дар ин мавридҳо на гап мезаду на касеро мемонд, ки гап занад. Барои ӯ бемор вуҷуд дошту илоҷи дарди ӯ, дигар ҳеҷ. Зиндагии хоксоронае дошт. Шеваи зиндагӣ ва кору рафтораш ба одамоне шабоҳат дошт, ки ба ин дунё барои иҷрои вазифаи хеле муҳиме омадаанду дар иҷрои он сахт шитоб доранд. Ба назари ман, бояд маҳз чунин табибонро мисли ӯ, шогирду меросбари Абуалӣ Сино донист.

Мутаассифона, солҳои ахир ҳарфҳое носазо нисбат ба табиб ба гӯш ва дар матбуот ва васоити ахбори умум ба чашм мерасанд. Духтуронро ба беинсофӣ ва порахӯрӣ мутаҳҳам месозанд. Ҷои баҳс нест, шояд ҳастанд дар замони пуртаззоди мо чунин табибон. Вале нашояд заҳмату меҳнат ва ҷоннисориҳои чунин духтуронро ба мондаи устоди мо Кенҷа Маззаков нодида гирифт.

Ман ифтихор мекунам, ки шогирди ин марди фарзона будаам. Ман аз мактаби устодам дарси арзанда гирифтаву дар хидмати мардуми азизам камар бастаам ва ҳамеша пандҳои ӯ дар гушам садо медиҳад, ки мегуфт, «Фаромӯш накунед, ки одамон бо ҳазор умед ҷонҳои дардманди худу пайвандонашонро назди мо меоранд. Мо дар ҳифзи саломатии одамон истодаем ва бояд ба касбу кори худ ва панди устодонамон хиёнат накунем.»

Мо намегӯем, ки ӯ аз дори дунё рафтааст.
Ҷои ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст.

Малика Комилова, духтури ҷарроҳ

Масъули бахш: Сафаргули Олимӣ
XS
SM
MD
LG