Пайвандҳои дастрасӣ

Дастаи мунтахаби гуштии самбои Тоҷикистон рӯзи 31-уми май барои ширкат дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё ба шаҳри Тошканд сафар кард.

Маҳмуди Абдуллоҳ, раиси Федератсияи самбои Осиёи Марказӣ ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, мусобиқаи қитъавӣ дар пойтахти Узбакистон миёни мардону занон ва навҷавонон дар ду навъи гуштӣ - самбои варзишӣ ва самбои ҷангӣ ё размӣ аз 2-юм то 5-уми июн баргузор мешавад.

Ба гуфтаи Маҳмуди Абдуллоҳ, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон гуштигирони маъруфи кишвар, монанди Комроншоҳи Устопириён, Сулаймон Сулаймонов, Хушқадам Хисравов, Абдулфайз Муллоев, Дилбархон Султонова, Насиба Алиматова ва дигарон шомиланд.

Вале дар ин мусобиқа, иброз дошт оқои Абдуллоҳ, паҳлавони маъруфи тоҷик Набимуҳаммад Хоркашев, қаҳрамони феълии Осиё ширкат намеварзад: “Набимуҳаммад дар айни ҳол дар шаҳри Маскав якҷо бо дастаи Русия тамрин карда, ба мусобиқоти байналмилалӣ дар риштаи дзюдо омодагӣ мебинад ва барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Лондон-2012 талош хоҳад кард.”

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG