Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷузъиёти ҳукми додгоҳи Аврупо дар бораи Ходорковский


Ходорковский моҳи декабри соли гузашта ба тақаллуби молӣ низ гунаҳкор дониста шуд ва ҳукми нави зиндон гирифт.
Ходорковский моҳи декабри соли гузашта ба тақаллуби молӣ низ гунаҳкор дониста шуд ва ҳукми нави зиндон гирифт.
Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон ҳукм кард, ки баъди боздошташ дар соли 2003, ҳуқуқи Михайил Ходорковский, як соҳибкори зиндонии Русия поймол шудааст. Аммо даъвои Ходорковский дар мавриди ангезаи сиёсӣ доштани таъқиби ҷиноиашро беасос донист. Додгоҳи шаҳри Страсбурги Фаронса ба ҳукумати Русия амр додааст, ба ҳайси ҷуброн ва хароҷоти додгоҳӣ 35 ҳазор доллар бипардозад. Михайил Ходорковский, дар гузашта сарватмандтарин фарди Русияро соли 2005 бо гуноҳи саркашӣ аз пардохти андоз ва дуздии амволи ғайр ба 8 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳи Русия моҳи декабри гузашта ӯро ба тақаллуби молӣ ҳам гунаҳкор донист ва ҳукми зиндони ӯро то соли 2016 тамдид кард. Михайил Ходорковский, ки ҳамаи иттиҳомотро рад мекунад, бо зикри адои нисфи ҳукми 13 солааш хостори раҳоии пеш аз мӯҳлат аз зиндон шудааст.
XS
SM
MD
LG