Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳо дар пойтахти Яман хотима ёфт


Рӯзи 30-уми май низ ҳазорон нафар бо талаби истеъфои Алӣ Солеҳ ба хиёбонҳои шаҳри Ибб рехтанд.
Рӯзи 30-уми май низ ҳазорон нафар бо талаби истеъфои Алӣ Солеҳ ба хиёбонҳои шаҳри Ибб рехтанд.
Бо созиши оташбас миёни нерӯҳои вафодор ба Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ, раиси ҷумҳури Яман ва аъзои қабилаи қудратманди Ҳошид, даргирӣ дар пойтахт шаҳри Санъо хотима ёфт. Ҷанг байни ду тараф баъди он бархост, ки Алӣ Солеҳ бори саввум аз барномаи мувофиқшудаи супурдани ҳукумат даст кашид. Аз моҳи январ то кунун Яман шоҳиди тазоҳуротҳои густурдаи мардумӣ шудааст, ки мехоҳанд, ба ҳукумати 30-солаи Алӣ Абдулло Солеҳ хотима дода шавад. Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои давлатӣ дар талош барои фӯру нишондани тазоҳуротҳо то кунун даҳҳо нафарро куштаанд.
XS
SM
MD
LG