Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оксфам мегӯяд, беамалӣ боиси қаҳтӣ хоҳад шуд


Муассисаи имдодии Оксфам ҳушдор додааст, ки дар сурати ислоҳ нашудани арсаи тавлидоти маводи ғизоӣ миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон дар даҳсолаҳои оянда гуруснагӣ хоҳад кашид. Ба гуфтаи ин созмон, ки дар Ландан қароргоҳ дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хатари афзоиши аҳолӣ ва коҳиши ҳосили ғалладона бар асари тағйири иқлим, ба қадри кофӣ таваҷҷӯҳ намекунад. Ба тахмини Оксфам, дар сурати беамалӣ, қимати баъзе аз маводи ғизоӣ то соли 2030 ду маротиба афзоиш хоҳад ёфт ва ҳоли мардуми фақири ҷаҳонро, ки ҳоло 80 дар сади даромадашонро барои маводи ғизоӣ сарф мекунанд, бисёр бад хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG