Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳодисаи ғайримуқаррарӣ бо ҳавопаймои Ангела Меркел


Ҳавопаймои Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, ки озими Ҳинд будааст, баъди маҳрум шудани ҳаққи парвоз аз қаламрави ҳавоии Эрон ду соат дар фазои Туркия парвоз кардааст. Стифен Сейберт, сухангӯи Ангела Меркел гуфт, онҳо ҳеҷ гоҳ чунин таҷрибаеро аз сар нагузаронидаанд ва ин ҳодисаро “ҳадди аққал ғайриоддӣ” хондаст. Хабарнигори “Ройтерс”, ки дар ин сафар Ангела Меркелро ҳамроҳӣ мекард, гуфтааст, Эрон чунин ҳаққро қаблан дода будааст, вале бо вуруди ҳавопаймои садри аъзами Олмон ба ҳарими ҳавоиаш аз он даст кашидааст. Баъди музокирот бо ширкати мақомоти Туркияву Олмон, Эрон ба ҳавопаймои Ангела Меркел иҷоза додааст, парвоза ба Деҳлии Нав пойтахти Ҳиндро идома диҳад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG