Пайвандҳои дастрасӣ

“Суқут”-и доҳии коммунистҳо дар Хуҷанд


Бузургтарин муҷассамаи Ленин дар канори рӯди Сир, дар шаҳри Хуҷанд, ки ба он ҳайкали Исмоили Сомонӣ қомат хоҳад афрохт...

Бузургтарин муҷассамаи Ленин дар канори рӯди Сир, дар шаҳри Хуҷанд, ки ба он ҳайкали Исмоили Сомонӣ қомат хоҳад афрохт...

Шаби 30-юми май, дар паси пардаи торикӣ ва ҳалқаи пулису мақомот дар Хуҷанд муҷассамаи Ленин барканда шуд.

Ин пайкара соли 1974 дар замони ҳукумати Шӯравӣ гузошта шуда, бо 24 метр баландӣ бузургтарин ҳайкали доҳии коммунистҳо ба ҳисоб мерафт.

Мақомоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд мегӯяд, дар ҷойи пайкараи Ленин, муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, бунёдгузори давлати тоҷикон гузошта хоҳад шуд.

Ба қавли онҳо, пайкараи Ленин пас аз тармим чун як ёдгории таърихӣ дар боғи иштирокдорони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар маҳаллаи 18-уми маркази вилояти Суғд ҷой хоҳад гирифт.



БЕШТАР БИХОНЕД:

Ҳайкали бузурги Ленинро дар Хуҷанд мекананд

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG