Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз, 31-уми май, барои ҳазорон хонандаи мактабҳои миёна дар Тоҷикистон "Занги камолот" садо дод.

Дар қиёс бо солҳои гузашта, имсол занги камолот на дар таърихи 25-уми май, балки дар рӯзи ахири моҳи май баргузор гардид.

Аммо барои соли панҷум аст, ки занги охир дар кишвар расмӣ ва мухтасар, аз соати 8:00 то 9:00-и субҳ баргузор мешавад.

Чанд соли пеш дар Тоҷикистон, бахусус дар шаҳри Душанбе, «Занги охир» бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор мешуд. Хатмкунандагон сароғоз бо ширкати овозхонону раққосаҳо дар мактаб базм барпо менамуданд ва баъди хатми он ба кӯчаҳои шаҳр мерехтанд. Аз кӯчаҳои шаҳр ҷашн ба тарабхонаҳо ва ҳатто сайр ба берун аз шаҳр мекӯчид. Ҳазинаи ин ҷашн ба ҳазорҳо доллар мерасид, ки аз ҳисоби волидайни хонандагон пардохта мешуд.

Дар соли 2007 бо фармони вазири маорифи Тоҷикистон гузаронидани чорабинии “Занги охир” қатъиян манъ гардид. Тибқи ҳамин фармони вазири маориф, дар макотиб ташкил намудани хӯрокҳо ва ҳамагуна чорабиние, ки аз ҷониби хонандагон сурат мегирад, мамнӯъ гашт.

Фармони вазорати маориф дар паи интиқоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз таҷлили бошукӯҳу серхароҷоти ин ҷашну анъанаҳо дар макотиби миёна содир гардид. Гуфта мешавад, як сабаби дигар барои манъи ин чорабиниҳо ҳалокати чаҳор хатмкунанда дар як садамае дар роҳи Қалъаи Ҳисор буд. Дар соли 2009 баргузории шабнишиниҳо ва сайёҳатҳои бахшида ба хатми мактаб низ манъ шуд.

ИН НАВОРИ "ЗАНГИ КАМОЛОТ" АЗ БОЙГОНӢ АСТ

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG