Пайвандҳои дастрасӣ

Даргириҳои мусаллаҳона дар Санъо, пойтахти Яман


Ба иттилои хабаргузориҳо дар пойтахти Яман, Санъо, байни норозиён ва тарафдорони ҳукумати президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ задухӯрдҳои шадид ба вуқӯъ пайвастааст. Сокинони шаҳр гуфтаанд, субҳи имрӯз дар шаҳр садои чандин инфиҷор ва тирандозиҳои мудаввом шунида шудааст. Ҷузъиёти беш аз ин дастрас нагаштааст. Рӯзи душанбе сокинони шаҳраки Зинҷибар дар ҷануби Яман гуфтанд, дар ҳоле ки шаҳрак зери тасарруфи ситезаҷӯёни исломӣ даромадааст, ҳавопаймоҳои давлат онро шадидан бомбаборон мекунанд. Ин хабарҳо дар ҳоле нашр мешаванд, ки тазоҳуроти густардаи норозиён бо талаби истеъфои раисиҷумҳури Яман, Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ пас аз 30 соли ҳокимияташ дар ин кишвар идома дорад ва дар ҳамлаи нерӯҳои давлат ба урдугоҳи мухолифон дар Тайис, дувумин шаҳри калонтарини Яман, 20 мӯътариз кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG