Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Узрхоҳии НАТО барои куштори афроди осоишта дар Ҳилманд


Паймони Атлантики Шимолӣ, НАТО, барои ҳалокати афроди осоишта дар ҳамлаи ҳавоии НАТО дар ҷануби Афғонистон узрхоҳӣ кард. Фармондеҳи нерӯҳоибайнулмилалӣ дар ҷанубуғарби Афғонистон, Генерали аршади нерӯҳои дарёии Иёлоти Муттаҳида, Ҷон Тулон, гуфт, нерӯҳои таҳти раҳбарии НАТО ба ҳавелие дар вилояти Ҳилманд ҳамла карданд, ки гуфта мешуд, аз пойгоҳҳои ситезаҷӯён аст. Аммо маълум шудааст, дарт дохили он афроди осоишта ҳузур доштаанд. Ҳамлаи ҳавоӣ замоне амалӣ шудааст, ки як сарбози амрикоӣ дар ин ҷо кушта шуда панҷ ситезаҷӯ аз дохили ҳавелӣ нерӯҳоро тирборон кардаанд. Дар изҳороти НАТО гуфта мешавад, бар асари бомборон 9 шаҳрванди осоишта кушта шудаанд. Аммо мақомоти афғон мегӯянд, теъдоди онҳо 14 нафар буда, аксариятро занону кӯдакон ташкил медоданд.
XS
SM
MD
LG