Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии нави Стивенсон аз тарҳи нерӯгоҳи Роғун


Раиси гурӯҳи байнипорлумонии тағйири иқлим, муҳити зист ва рушди пойдор дар Порлумони Аврупо, Струан Стивенсон дар Душанбе гуфт, бунёди нерӯгоҳи барқи обии Роғун на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки ба манфиати ҳамаи кишварҳои минтақа аст. Вай барои як силсила дидору гуфтугӯҳо ба Тоҷикистон сафар кардааст ва ҳамчунин мехоҳад аз ҷараёни кор дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун дидан кунад. Ҷаноби Стивенсон мегӯяд, ҳимояташро аз ин тарҳ дар Порлумони Аврупо ва миёни раҳбарони Иттиҳоди Аврупо идома хоҳад дод. Дар дидор бо раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, Шукурҷон Зуҳуров вай афзуд, Тоҷикистон бояд ба шарики калидии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар минтақа табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG