Пайвандҳои дастрасӣ

Бозпурсии як фаъоли мухолифон дар додгоҳи ҳарбии Миср


Додситонҳои ҳарбии Миср як фаъоли саршиноси мисриро барои интиқод аз ҳарбиён даъват ва бозпурсӣ кардаанд. Ҳуссам ал-Ҳамалавии 33-сола мегӯяд, баъд аз он ки вай дар намоиши як телевизиони хусусӣ раҳбари полиси ҳарбиро ба нақзи ҳуқуқи мухолифон айбдор кард, ӯро ба додгоҳ хонданд. Вай афзуд, мизбони намоиши телевизионӣ, Рим Магид низ бозпурсӣ шудааст. Шӯрои олии ҳарбии Миср, ки пас аз барканории раисиҷумҳури ин кишвар, Ҳуснӣ Мбуорак дар 11-умии феврали имсол ҳокимиятиро дар Мисрба даст гирифтааст, ҳарчи бештар мавриди танқиди онҳое қарор мегирад, ки бо ташкили тазоҳурот ба барканории Муборак ноил шуданд.
XS
SM
MD
LG