Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия аз Туркманистон 1 миллиард доллар мехоҳад


Раисиҷумҳури Туркия, Абдуллоҳ Гул, дирӯз бо ҳамтои туркмани худ як мулоқоти изтирорӣ барпо кард ва гуфта мешавад, сӯҳбат аз 1 миллиард долларе меравад, ки Туркманистон ба ширкатҳои бинокории Туркия напардохтааст. Манобеи наздик ба ҳукумати Туркия гуфтаанд, агар Туркманистон аз пардохти ин қарз сарпечӣ кунад, Анкара ба Маркази байнулмилалии ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ муроҷиат хоҳад кард. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, ширкатҳои Туркия асосан фармоиши давлати Туркманистонро дар бозсохт ва эъмори пойтахти ин кишвар ба ҷо овардаанд.
XS
SM
MD
LG