Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости Ходорковский ба озодии пеш аз мӯҳлат


Раҳбарони пешини ширкати нафти ЮКОС-и Русия, Михаил Ходорковский ва Платон Лебедев хостори озодии пешазмӯҳлат ва шартии худ аз маҳбас шуданд. Онҳо ҳамоно худро бегуноҳ мешуморанд, аммо мегӯянд, бино ба бандҳои қонун, ки онҳог маҳкум шудаанд, метавонанд, баъд аз иҷрои ними ҳукм шартан ба озодӣ бароянд. Ходорковский мегӯяд, вай ба 13 соли зиндон маҳкум шуда, аллакай 7 солро бдар маҳбас ба сар бурдааст. Ходорковский ва Лебедев ба дуздии нафт, пулшӯӣ ва надодани молиёт айбдор шуда, қарор аст, то соли 2016 дар маҳбас бимонанд.
XS
SM
MD
LG