Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерали аршади Туркия бо ҷурми сӯиқасд зиндонӣ шуд


Як генерали дигари артиши Туркия бо иттиҳоми ташкили табаддулоти давлатии зидди сарвазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар соли 2003 боздошт шуд. Генерал Билгин Баланлӣ, фармондеҳи академияҳои ҳарбии Туркия, баландтарин мақом дар байни 200 низомии Туркия аст, ки дар таҳияи тарҳи табаддулоти давлатӣ мутаҳҳам гаштаанд. Додгоҳи Итанбул бо тавсияи додситоне, ки се соат Баланлиро бозпурсӣ кард, тасмим гирифт, генерал то муҳокимаи додгоҳ дар зиндон ба сар барад. Ҳамзамон додгоҳ ҳашт низомии баландпояро баъд аз бозпурсӣ озод намуд.
XS
SM
MD
LG