Пайвандҳои дастрасӣ

Манъи содироти сабзавоти Испания ва Олмон ба Русия


Русия содироти ҳама гуна сабзавотро аз Олмон ва Испания баъд аз хабарҳои сирояти бактерияи Эйколӣ мамнӯъ эълон кард. Аз сиирояти ин ангал то ҳоло зиёда аз 10 нафар дар Олмон ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар дар кишварҳои гуногуни Аврупои Ғарбӣ бистариянд. Мақомоти Русия гуфтаанд, эҳтимол содироти сабзавотро аз ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо манъ кунанд.
XS
SM
MD
LG