Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори 120 афсару сарбоз аз артиши Қаззофӣ


Бино бар хабарҳо 120 афсар ва сарбози артиши Либия аз Итолиё дархости паноҳандагӣ кардаанд. Ба намояндагӣ аз онҳо панҷ генерал, ду сарҳанг ва як майор дар Рум нишасти хабарӣ баргузор карданд ва изҳор доштанд, ки намехоҳанд, аз режими Муаммар Қаззофӣ ҳимоят кунанд. Итолиё яке аз чанд кишвари ҷаҳон аст, ки ҷунбиши мухолифони Либияро ба расмият мешиносад. Пештар сафири Либия дар Созмони Милал, Абдурраҳмон Шалгам низаз хидмат ба Қаззофӣ даст шуста буд. Вай мегӯяд, ҳамаи 120 низомии Либия аз хоки ин кишвар берун шудаанд.
XS
SM
MD
LG