Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як чеченитабор дар Дания ба бомбгузорӣ муттаҳам шуд


Додгоҳи Дания чечентабори 25-соларо дар таҳияи бомбгузорӣ дар рӯзномае, ки солши 2005 танзҳои паёмбари исломро мунташир кардааст, муҷрим донист. Лорс Дукаев, шаҳрванди Белгия, 10-уми сентябри соли гузашта, замоне боздошт шуд, ки дар меҳмонхонаи “Йоргенсен” бомбаи кӯчакеро тасодуфан мунфаҷир ва худро маҷрӯҳ кард. Таҳқиқ муайян намуд, ки Дукаев мехост, таркишеро дар дафтари рӯзномаи “Ҷилландс Постен” ба амал орад. Танзҳои ин нашрия ба паёмбари ислом боиси тазоҳуроти хушунатомез дар ҷаҳони ислом шуданд. Акнун ба Дукаев 12 соли ҳабс таҳдид мекунад.
XS
SM
MD
LG