Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Соса-Соla ва Adidas аз моҷарои ришват дар FIFA


Раиси Федерсиюни байнулмилалии футбол, ФИФА, Сепп Блаттер, гуфт, моҷарои ришват ба эътибори ин созмон зарбаи бузурге зад, вале афзуд, дар таъини Қатар ба ҳайси мизбони Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 мушкиле мавҷуд набудааст. Блаттери 75-сола рӯзи чаҳоршанбе дар интихоботи раисидавраии ФИФА номзад аст. Ягона рақиби ӯ, намояндаи Қатар, Муҳаммад бин Ҳаммом ҳафтаи гузашта дар робита ба моҷарои ришват аз фаъолият дар ФИФА муваққатан барканор шуд ва номзадии худро ба раёсати ин созмон пас гирифт. Дар ин байн ширкатҳои бузурги Соса-Соla ва Adidas, ки аз сарпарстони калидии ФИФА мебошанд, аз таъсири номатлуби моҷарои ришват изҳори нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG