Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ мехоҳад дили лолу ношунавоёнро биранҷонад?


Тарбиятгирандагони танҳо мактаби лолу ношунаво дар пойтахти Тоҷикистон
Тарбиятгирандагони танҳо мактаби лолу ношунаво дар пойтахти Тоҷикистон

"Мехоҳем, ки фарзандонамон илму дониш бигиранд. Падару модар як умр дар бари онҳо сутун нест. Мехоҳем, онҳо мӯҳтоҷи касе нашаванд ва зиндагиашонро худ ба пеш баранд."

Мастона Норматова, як сокини Душанбе, мегӯяд, аз ояндаи ду фарзанди лолу ношунавояш сахт нигарон аст.
Ҳоло мутахассиси ин соҳа намондааст дар Тоҷикистон ва омода ҳам намешавад. Мутахассисон ҳама баромада рафтанд. Онҳо бе диплом гуфта ману дигар омӯзгоронро аз кор хориҷ карданианд...


Ин модари тоҷик мехоҳад духтаронаш Шукрона ва Кибриёхон новобаста ба имконоти маҳдуди гуфтору шунавоӣ соҳибмаълумот бошанд ва тавонанд зиндагии худро мустақилона ба роҳ монанд.

Сарусадоҳо дар робита ба баста шудани ягона мактаби махсуси ҷумҳуриявии лолу ношунавоҳо дар пойтахт, ӯ ва даҳҳо волидони атфоли лолу ношунаворо ноумед сохтааст.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:38 0:00
Линки мустақим


"ҒАМДИДАГОНРО ҒАМ НАДИҲЕД"

Ин гурӯҳи волидон ахиран ба вазири маориф, Абдуҷаббор Раҳмонов нома навишта ва хостори расидагӣ ба мушкили фарзандони лолу ношунавои худ гаштаанд. Онҳо мегӯянд, аз рӯи шунидаашон дар сурати баста шудани мактаби атфоли ношунаво дар пойтахт хонандаҳо ба мактаб-интернати ноҳияи Рӯдакӣ интиқол хоҳанд ёфт.

Аммо бештари модарон мегӯянд, намехоҳанд фарзандони маълулашон дур аз онҳо таълим бигиранд:

Яке аз модарони кӯдакони лолу ношунаво
"Намехоҳам, ки духтарам дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил кунад. Ӯ ҳам дур аз мо намеистад. Ба ин мактаб одат кардааст. Ӯ аллакай навишта метавонад, хонданаш ҳам хуб аст. Мо мехоҳем кӯдакони маълулро ғам надиҳанд, онҳо бе ин ҳам худ ғамдидаанд."

"Ҳамагӣ як фарзанд дорам ва ӯ ҳам маълул аст. Ман чӣ гуна ӯро бурда як ҳафта дар интернат партофта меоям? Наметавонам. Ман аз ҳамин мактаб бисёр розиям."


МАКТАБИ 180 ХОНАНДАИ ЛОЛУ НОШУНАВО

Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 8, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт, ягона мактаби таҳсилоти ҳамагониест, ки атфоли лолу ношунаво аз саросари кишвар дар он ҷо таълим мегиранд.

Дар ин муассисаи таълимии 12-сола имрӯз ба 180 хонандаи маҳрум аз имконоти гуфтору шунавоӣ дарс гуфта мешавад. Раҳбари ин муассиса, Раҳималӣ Табаров мегӯяд, бинои мактаб, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ мондааст имкони фарогирии теъдоди бештари хонандагонро дорад. Вале ба далели он ки ҳоло як қисми ин бино ба чанд муассисаи дигар иҷора дода шудааст, онҳо наметавонанд атфоли бештарро ба таълим фаро бигиранд.

Тарбиятгирандагони мактаби лолу ношунавоҳо дар Душанбе

Ҷаноби Табаров мегӯяд, ҳамакнун ду сол аст, ки сарусадоҳо роҷеъ ба баста шудани фаъолияти ин мактаб рӯ задааст ва пайваста аз сӯи Вазорати маориф намояндаҳо омада, вазъ ва ҳуҷҷатгузории мактабро мавриди тафтиш қарор медиҳанд.

"МУТАХАССИСОН БАРОМАДА РАФТААНД"

Бори охир дар пайи як чунин санҷиш намояндагони Вазорати маориф дар мулоқот бо масъулини мактаб гуфтаанд, хонандагони то синфи 9-и мактаб бояд ба интернати ноҳияи Рӯдакӣ иниқол ёфтаву шӯъбаи ғоибона ки дар он ба хонандагони то синфи 11 дарс дода мешавад, бояд баста шавад.

Раҳималӣ Табаров
Раҳималӣ Табаров раҳбари мактаби лолу ношунавоҳо меафзояд: "Чаро ин гапро гуфтанд, мо нафаҳмидем. Вақте омада моро тафтиш карданд, гуфтанд, ки Шумо мутахассис нестед. Аммо агар ин хел фикр кунем, ҳоло мутахассиси ин соҳа намондааст дар Тоҷикистон ва омода ҳам намешавад. Мутахассисон ҳама баромада рафтанд. Онҳо бе диплом гуфта ману дигар омӯзгоронро аз кор хориҷ карданианд. Мо дар мактаб 27 муаллим дорем аз ҳамин теъдод танҳо як нафар соҳиби маълумоти вижаи ин соҳа аст. Дигарон ҳама курсҳои махсус гузаштаанд.»

Ин ҳам дар ҳоле ки дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, ки бинои мактаби махсуси лолу ношунавоҳо ба он тааллуқ доштааст, ин нигарониҳову шикояти волидонро беасос унвон мекунанд.

НИГАРОНИИ ВОЛИДОН

Аммо ин посухи мақомот ҳам волидони нигарон аз ояндаи фарзандонашонро дилпур ва қонеъ намесозад, зеро ба гуфтаи онҳо баҳсҳо атрофи баста шудани мактаби мазкур чандин сол аст идома дорад. Онҳо ба ин посухҳои мақомот бо шубҳа менигаранд ва дар мавриди сабабҳои манъи фаъолияти мактаб фарзияҳои худро пеш меоранд.

"Ин гап чанд сол шуд ҳаст, мегӯянд, касе ин биноро харидан мехоҳад. Ман, масалан, аз фаъолияти мактаб ва аз дониши фарзандам қонеам. Бо баҳои аъло мехонад ва баробари фарзандои солим интизомаш хуб аст",-афзуд ӯ.

Баҳсу нигарониҳо атрофи идомаи фаъолияти мактаби махсуси лолу ношунавоёни пойтахт дар ҳоле аст, ки дар маҷмӯъ дар кишвар феълан 3 чунин мактаб-интернат фаъолият мекунад, вале дар онҳо ба наврасон тариқи имову ишора барномаи таълимии танҳо то синфи 9 омӯзонида мешавад.

"МАКТАБ БАСТА ШАВАД, ДИГАР НАМЕХОНАНД"

Мастона Норматова мегӯяд, дар сурати баста шудани фаъолияти мактаби мазкур шумори чунин атфоли бедониш ва бехатту савод боз ҳам бештар хоҳад шуд: "Аз 10 нафари онҳо мумкин се нафарашон дар мактаб хонад, дигари онҳо дар хонаи худ мешинанд. Агар бо ҳамин мактаб аз фаъолият бозмонад, ба фикрам, аксарият аз таҳсил дур мемонанд, махсусан духтарҳо, чун волидон намехоҳанд духтарон дар мактаб-интернат ва дур аз онҳо таҳсил кунанд."

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ то чанд соли пеш теъдоди афроди лолу ношунаво дар Тоҷикистон ба беш аз 20 ҳазор нафар тахмин зада мешуд, ки аксари онҳо ҷавонону наврасон будаанд. Масъулини мактабҳои миёнаи махсуси лолу ношунавоён мегӯянд, дар замони Шӯравӣ ин гурӯҳ ҷавонон пас аз хатми мактаб ва омӯзишгоҳҳо ва гирифтани касбе дар заводу корхонаҳо ба фаъолият шурӯъ карда, зиндагии худро пеш мебурданд, аммо имрӯз аксари онҳо бекоранд.

Бо ин ҳол, волидони хонандагони лолу ношунаво мегӯянд, феълан масъулин набояд роҷеъ ба бастани чунин мактабҳо андеша кунанд, балки онҳо бояд талош намоянд, бо рафъи мушкилоти фаровон барои таълиму тарбия ин гурӯҳи наврасон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
XS
SM
MD
LG