Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама гурӯҳи амниятии давлати худро такмил мекунад


Генерад Мартин Демпсей-раиси нави ситоди муштараки артиши Амрико

Генерад Мартин Демпсей-раиси нави ситоди муштараки артиши Амрико

Имрӯз Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико генерали артиш Мартин Демпсейро ба ҷои дарёсолор Майк Муллен раиси ситоди муштараки нируҳои мусаллаҳи Амрико таин кард. Вақте, ки генерал Демпспей дар Кохи Сафед зоҳир шуд, Барак Обама аз вай ситоиш кард ва вайро яке аз генералҳои муҳтарами дар ҷангҳо санҷидашуда номид. Обама ҳамчунин эълон кард, ки дарёсолор Ҷеймс Виннефилд муовини раиси ситоди муштарак баргузида мешавад. Бад-ин тариқ Обама ташкили гурӯҳи амниятии давлати худро тақрибан такмил мекунад.
XS
SM
MD
LG