Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупо бодиринги кушанда ошкор шуд


Бодирингҳои олуда бо бактерияи E. coli дар Испания
Бодирингҳои олуда бо бактерияи E. coli дар Испания
Ожонси ҳифзи истеъмолкунандагони Русия гуфтааст, ки воридоти тамоми сабзиҷот аз Олмону Испанияро мамнӯъ эълон кардааст, зеро дар таркиби сабзиҷоти ин кишварҳо бактерияи E. сoli ошкор шудааст, ки барои саломатӣ хатари ҷиддӣ дорад. Дар Олмон 10 нафар аз истеъмоли бодиринги олуда бо ин бактерия, ки аз Испания оварда шудааст, фавт кардаанд. Бештари афроди олуда бо ин бактерия дар Олмон ошкор шудаанд, вале дар бораи афроди олуда дар Шветсияву Дания ва Голландияву Британия низ гузоришҳо ба нашр мерасад. Ҷумҳурии Чех имкони воридоти бодиринги кушандаро аз эҳтимол дур намедонад. Австрия ва Маҷористону Люксембург низ дар ин бора гузориш додаанд.
XS
SM
MD
LG