Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷирону соҳибкорони Покистон вориди Душанбе шуданд


Як ҳайати бузурги 100 нафарии тоҷирону соҳибкорони покистонӣ барои баррасии заминаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вориди Душанбе шуд. Ин боздид то 3-юми июн давом хоҳад кард. Дар таркиби ҳайати покистонӣ соҳибкорони варзидаи бахшҳои мошинсозӣ, таҷҳизоти иттилоотӣ, бахшҳои молӣ, сохтмон ва амсоли он шомиланд. Погоҳ дар Кохи Ваҳдати шаҳри Душанбе баргузории маҷмаи муштараки тиҷоратӣ дар назар гирифта шудааст ва дар он Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон ширкат меҷӯяд.
XS
SM
MD
LG