Пайвандҳои дастрасӣ

Стевенсон бо тағирот дар ниругоҳи Роғун ошно мешавад


Струан Стевенсон

Струан Стевенсон

Имрӯз Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон бо Струан Стевенсон-узви порламони Аврупо ва раиси гурӯҳи байнипорламонӣ дар умури тағири иқлим мулоқот кард. Вай субҳи имрӯз вориди Тоҷикистон шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои обу энержӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Оқои Стевенсон гуфт:

“Ман мехоҳам бори дигар аз Роғун боздид кунам ва бо дигаргуниҳое ки аз боздиди қаблиам дар сентябри соли гузашта то ҳол рух додааст, ошно шавам. Сипас ман онро ба порламони Аврупо дар бораи ин тарҳ ва дар бораи ва вазъи таъмини об дар кишварҳои болооб ва поёноби Осиёи Марказӣ гузориш хоҳам дод”.

Оқои Стевенсон дар ин мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистон метавонад ба ҳамкори калидии САҲА дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG