Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати бузурги покистонӣ аз Тоҷикистон боздид мекунад


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Исломобод хабар додааст, ки як ҳайати бузурги 100 нафари тоҷирону соҳибкорони покистонӣ барои баррасии заминаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон вориди Душанбе мешавад. Ин боздид то 3-юми июн давом хоҳад кард. Дар таркиби ҳайати покистонӣ соҳибкорони варзидаи бахшҳои мошинсозӣ, таҷҳизоти иттилоотӣ, бахшҳои молӣ, сохтмон ва амсоли он шомиланд. Баргузории маҷмаи муштараки тиҷоратӣ дар шаҳри Душанбе низ дар назар гирифта шудааст ва дар он Оқил Оқилов-нахуствазири Тоҷикистон ширкат меҷӯяд. Ҳоло масъалаи парвози мустақим миёни шаҳрҳои Исломободу Душанбе дар ҳоли баррасӣ аст.
XS
SM
MD
LG