Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳифзи арзиши арзи хориҷӣ дар Тоҷикистон аз ҳисоби чист?


Мирзомуддин Мавлонов-сардори раёсати танзими бозори арзи хориҷии Тоҷикистон ба хабаргузории REGNUM гуфтааст, ки бозори арзи Тоҷикистон аз ҳисоби пулҳои фиристодаи муҳоҷирони кории тоҷик гардон аст. Вай афзудааст, бо вуҷуди ин, дар ду моҳи ахир Бонки миллии Тоҷикистон ҳудуди 20 миллион доллар барои гардиш ба бозори дохилӣ андохтааст, то бад-ин васила аз болоравии арзиши доллар дар Тоҷикистон пешгирӣ кунанд. Ба гуфтаи оқои Мирзомуддинов, Тоҷикистон ҳоло барои ҳифзи арзиши арзи хориҷӣ ба истилоҳ “захираи тиллоӣ”-ро истифода накардааст. Ин захира бештар аз 700 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи вай, муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз Русия рубли Русия мефиристанд ва бонкҳои Тоҷикистон бо ин пули русӣ аз Русия доллар ё евро мехаранд.
XS
SM
MD
LG