Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба футбол дар лигаи якум бо ширкати 15 даста ҷараён дорад.

Баъди натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқа дастаҳои “Пахтакор”-и Қубодиён, “Саройкамар”-и Панҷ ва “Кӯктош”-и Рӯдакӣ 7-имтиёзӣ ба даст овардаанд.

Бо дарназардошти таносуби беҳтари тӯбҳо “Пахтакор” дар ҷойи аввал, “Саройкамар” дар ҷойи дуввум ва “Кӯктош” дар ҷойи севум қарор доранд.

Бозиҳои даври чаҳоруми мусобиқа рӯзи чоршанбеи 1-уми июн миёни дастаҳои зерин баргузор мешаванд: “Румӣ” - “Ҳулбук”, “Пахтакор” - “Сабо”, “Ситора” - Данғара”, “Вахши зарнисор” - “Локомотив”, “Зарафшон” - “Вишгард”, “Рашт” - “Ҳосилот”, “Ҷавонон” - “Кӯктош”.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа:

Ҷой Дастаҳо Б Ғ М Б Т И
1. "Пахтакор" (Қубодиён) 3 2 1 0 10-3 7
2. "Саройкамар" (Панҷ) 3 2 1 0 6-2 7
3. "Кӯктош" (Рӯдакӣ) 3 2 1 0 3-1 7
4. "Сабо" (Шаҳринав) 3 2 0 1 8-3 6
5. "Ҳулбук" (Восеъ) 3 2 0 1 8-4 6
6. "Ҳосилот" (Фархор) 3 1 2 0 4-2 5
7. "Вахши зарнисор" (Вахш) 2 1 1 0 4-2 4
8. "Зарафшон" (Панҷакент)) 3 1 1 1 4-4 4
9. "Ситора" (Рӯдакӣ) 3 1 1 1 2-2 4
10. "Данғара" (Данғара) 2 1 0 1 2-2 3
11. "Локомотив" (Душанбе) 3 0 2 1 2-3 2
12. "Ҷавонон" (Турсунзода) 1 0 0 1 0-3 0
13. "Румӣ" (Румӣ) 2 0 0 2 1-6 0
14. "Рашт" (Рашт) 3 0 0 3 0-8 0
15. "Вишгард" (Файзобод) 3 0 0 3 2-11 0

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG