Пайвандҳои дастрасӣ

Додситонии ноҳияи Рушон парвандаи ҷиноиро нисбати раиси комиссияи интихоботии ҷамоати Рушони ин ноҳияи Ҳокимшо Мирзошоев, ки ба тақаллубкорӣ муттаҳам гардида буд, қатъ кард.

Ба гуфтаи додситони ноҳия Нафасбек Дилшодов, «тафтишот гунаҳкор будани раиси комиссияи интихоботиро дар наҳваи шумориши собит сохт, аммо бинобар пушаймони изҳор намудани раиси комиссия аз кирдораш, парвандаро нисбати вай қатъ кард.»

Ҷабрдида дар ин ягона парвандаи интихоботи гузашта дар Бадахшон, номзади ҳизби халқии демократӣ ва мудири шӯъбаи мақомоти ноҳия Худоназар Нурҳаётов ҳаст, ки дар ҳавзаи интихоботии ҷамоати деҳоти Рушон бидуни рақобат вориди сабқат шуд, вале раъйи камтар аз 50 дарсади интихобкунандагонро соҳиб гардид.

Аммо ҷаноби Нурҳаётов сабаби нокомии худро ба ғарази шахсии раиси комиссияи интихоботи ва ҳамтои ҳизбиаш Ҳокимшо Мирзошоев , ки шӯъбаи дигарро дар мақомот роҳбарӣ мекунад, марбут донист. Ба иддаои ин довталаб, «раъйшумори бидуни ширкати аъзои комиссияи қитъавӣ сурат гирифта, раиси комиссия ба сохтакории натиҷаи овоздиҳӣ роҳ дод ва маҷбур шудам барои ҳимояи шаъну шараф дар назди интихобкунандагон, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кунам.»

Парвандаи ҷиноӣ нисбати раиси комиссияи интихоботӣ ва вакили маҷлиси вилоятӣ Ҳокимшо Мирозошоев пас аз он қатъ гардид, ки қаблан додситонӣ барои лағви дахлнопазирии муттаҳам ба сохтакории ҳуҷҷатҳои интихоботӣ ба маҷлиси вилоятӣ пешниҳод ироа кард, аммо вакилон онро рад намуданд.

Аммо вакилони маҷлиси вилоятӣ дар ҳоле барои ҳимояи ҳамтояшон ва шахси мансабдори ба тақаллубкорӣ муттаҳамшуда пофишорӣ карданд, ки худи ин вакилон боз дар ҷаласаи баъдӣ барои лағви дахлнопазирии вакили дигари муттаҳам ба фиреби истеъмолкунандагони барқ, ба зудӣ ризоият доданд.

Ба гуфтаи коршиносон, аҷобати кор боз ин аст, ки додситон ҳам, агар дар мавриди аввали қонуншикании марбут ба интихобот бар асоси пушаймонӣ парвандаро қатъ кард, аммо дар робита бо қонуншикании фиреби истеъмолкунандагон, ба сардори корхонаи энергетикии минтақавӣ посух дод, ки «пушаймони суде надорад» ва парвандаро барои баррасӣ ба суд фиристод.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG