Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Миёнҷигарии Африқои ҷанубӣ барои оташбас дар Либия


Якоб Зума-раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ вориди Троблус-пойтахти Либия шудааст, то бо режими Муаммар Қаззофӣ дар бораи оташбас бо шӯришиён музокира кунад. Нируҳои режим аз моҳи феврал ба ин сӯ бо нируҳои шӯришӣ меҷанганд. Зума бори дуввум аст, ки аз номи Иттиҳодияи Африқо талош дорад дар фурукаш кардани ин муноқиша миёнҷигирӣ кунад. Шӯришиён, ки ҳоло назорат бар соҳилҳои шарқии Либияро дар ихтиёр доранд, мегӯянд, ки агар Қаззофӣ ба истеъфо наравад, ба музокира розӣ нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG