Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Стевенсон дар Душанбе бо Зуҳуров мулоқот кард


Струан Стевенсон
Струан Стевенсон
Имрӯз Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони порламони Тоҷикистон бо Струан Стевенсон-узви порламони Аврупо ва раиси гурӯҳи байнипорламонӣ дар умури тағири иқлим мулоқот кард. Вай субҳи имрӯз вориди Тоҷикистон шуд. Дар ҷараёни ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои обу энержӣ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Оқои Стевенсон изҳор дошт, ки аз маҳалли сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғун боздид мекунад. Оқои Стевенсон дар ин мулоқот изҳор дошт, ки Тоҷикистон метавонад ба ҳамкори калидии САҲА дар Осиёи Марказӣ табдил ёбад.
XS
SM
MD
LG