Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

20 муътариз ва 4 сарбоз дар Яман кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳо аз Яман, бомдоди имрӯз дар Таиз-дуввумин шаҳри бузурги ин кишвар ҳангоме, ки нируҳои амниятӣ ба маҳали тазоҳуроти норозиёни сисёсӣ ҳамла бурданд, 20 нафар кушта шуданд. Баъд аз чаҳор моҳи тазоҳуроти эътирозӣ сарбозон хаймаҳои тазоҳуркунандагонро оташ задаанд ва чунин ба назар мерасад, ки мехоҳанд онҳоро аз майдон биронанд. Бино ба гузоришҳо, дар шаҳри соҳилии Зинҷибар ҳангоми ҳамла ба низомиён чаҳор сарбози Яман кушта, чанд нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар ин шаҳр як гурӯҳи генералҳои норозӣ шаҳрро ба назорати худ даровардаанд ва аз низомиёни дигар хостаанд, ки ба тазоҳуроти чаҳормоҳаи зидди президент Алӣ Абдуллоҳ Солеҳ бипайванданд.
XS
SM
MD
LG