Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ду инфиҷори интиҳорӣ дар Ҳироти Афғонистон


Полиси Афғонистон мегӯяд, ки имрӯз дар ду инфиҷори интиҳорӣ дар шаҳри Ҳирот 2 нафар кушта, дастикам 26 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Яке аз ин инфиҷорҳо дар назди пойгоҳи низомии Италия дар Ҳирот рух додааст. Мақомот мегӯянд, мошини бамгузоришуда дар назди дарвозаи пойгоҳ мунфаҷир шудааст. Инфиҷори дуввум дар маркази шаҳр ба вуқуъ пайвастааст. Сухангӯи нируҳои НАТО дар Кобул инфиҷор дар наздикии пойгоҳ дар Ҳиротро таъйид кард, вале дар бораи талафот чизе нагуфт.
XS
SM
MD
LG