Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикфилм" ба таҳияи "Савгандшикаста" оғоз кард


Саҳнае аз филми "Тири қазо"

Саҳнае аз филми "Тири қазо"

«Тоҷикфилм» ба гирифтани як сериали ҷадид бо номи «Савгандшикаста» дар Хуҷанд шурӯъ кардааст. Ҷамшеди Ромишгар, сардабири ин ширкати синамоӣ гуфт, ин сериал аз 8 ило 10 бахш иборат буда, мушкилоти муносибати байни наслҳои мухталифро дар намунаи достони ишқи ду ҷавон ба намоиш хоҳад гузошт. Сенарияи «Савгандшикаста» ба қалами Муҳибуллоҳи Қурбон тааллуқ дошта, коргардониашро Раҷабалӣ Пиров бар ӯҳда дорад. «Тоҷикфилм» тайи соли 2010 ва 5 моҳи аввали соли ҷорӣ 4 филми ҳунарӣ ба навор гирифтааст.
XS
SM
MD
LG