Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Дар Толиқон, маркази вилояти Тахори Афғонистон маросими дафни фармондеҳи собиқи ҷиҳодӣ, генерал Довуд, баргузор шуд, ки рӯзи шанбе дар як ҳамлаи худкушона якҷо бо афсари аршади полиси Афғонистон ва ду сарбози олмонӣ ба ҳалокат расид. Дар ин таркиш, ки дар дохили бинои ҳукумат ба вуқӯъ пайвасат, ҳамчунин як генерали олмонӣ низ маҷрӯҳ шуд. Генерал Довуд аз фармондеҳони саршиноси Эътилофи Шимол ва ҳамсилоҳони Аҳмадшоҳи Масъуд, ахиран сардори нерӯҳои полис дар манотиқи шимоли Афғонистон буд. Раисиҷумҳури Афғонистон, Ҳомид Карзай, ки барои дидорҳои расмӣ ба Туркманистон рафта буд, сафари худро қатъ кард ва ба Кобул баргашт. Дар ин ҷо бо ширкати ӯ ҷаласаи изтирории ҳукумат ҷараён гирифт. Шимоли Афғонистон, ки минтақаи ором шумурда мешуд, як соли охир ба саҳнаи таркишу даргириҳо табдил ёфтааст.
XS
SM
MD
LG