Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Мақомоти Сербяи мегӯянд, дар задухӯрдҳои хиёбонии тазоҳуркунандагони тарафдори Ратко Младич ва нерӯҳои полис зиёда аз 30 нафар маҷрӯҳ ва 100 нафар боздошт шудаанд. Ба гуфтаи вазири умури дохилии Сербия, Ивитса Дачич 111 нафар боздошт шуда, 10 шаҳрванд ва 26 корманди полис захмӣ гаштаанд. Даргириҳо дар поёни тазоҳуроте ба вуқӯъ пайвастанд, ки дар ҷараёни он чанд ҳазор нафар аз миллатгароёни дастиростии серб аз боздошти гумонбари ҷиноятҳои ҳарбӣ Ратко Младич эътироз намуданд. Ратко Младич ба созмондиҳии қатли оми мусулмонон дар Сребренитса, ки дар натиҷаи он ба камияш 7000 нафар кушта шуданд ва ҳамчунин дар дигар ҷурмҳои ҷангии солҳои 1992-1995 дар Боснӣ айбдор мешавад.
XS
SM
MD
LG