Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тазоҳуроти тарафдорони Ратко Младич дар Сербия


Чанд ҳазор нафар аз миллатгароёни дастиростии серб имрӯз алайҳи боздошти гумонбари ҷиноятҳои ҳарбӣ Ратко Младич дар Белград тазоҳурот барпо карданд. Ҳизби Радикали Серб аз созмондиҳандагони ин раҳпаймоӣ мебошад. Яке аз фаъолони он, Слободан Божич гуфт: “Ратко Младич як фармондеҳи ҳарбии давлати серб аст ва ҳабси ӯ барои мардуми серб ва барои давлат як шармсории бузург аст. Вай қафрамонест, ки миллати моро ҳифз кард ва биноан, ҳамаи мо бояд ба хиёбонҳо резем ва пуштибонии худро аз ӯ намоиш диҳем.”
Тазоҳуркунандагон ҳукумати эътилофии президенти Сербия, Борис Тадичро ба хиёнат муттаҳам карданд ва хостори интихоботит зудрас шуданд. Телевизиони Сербия теъдоди ширкаткунандагони раҳпаймоиро 10 ҳазор нафар тахмин зад. Хабаргузориҳо мегӯянд, дар поёни тазоҳурот миёни полис ва тазоҳуркунандагон даргирӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамчунин наздик ба 3 000 нафар, ки аксарияти онҳо сарбозони собиқи артиши сербҳои Боснӣ буданд, дар як гирдиҳамоӣ дар зодгоҳи Младич, деҳаи Калиновик мухолифати худро ба боздошти Младич баён доштанд.
XS
SM
MD
LG