Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду муҳоҷири тоҷик дар Русия


Як муҳоҷири 40-солаи тоҷик дар яке аз сохтмонҳои Маскав ба ҳалокат расид. Симресмони крани борбардор ҳангоми бардоштани зарфи соруҷ ё семент канда шуда, бо суръати баланд ба ӯ бархӯрд ва шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷои воқеа ҷон дод. Мақомот мегӯянд, муроот нашудани қоидаҳои амнияти фаннӣ сабаби ин фоҷа гардид. Ба гуфтаи онҳо, талош шудааст, ба зарф аз меъёр зиёд семент бор карда шавад. Бино ба хабари дигар, як шаҳрванди 52-солаи Тоҷикистон ҳангоми холӣ кардани вагон дар Тюмен зери бор монда, ба ҳалокат расидааст. Солона дар Русия наздик ба 400 муҳоҷири тоҷик дар рӯйдодҳои гуногун кушта мешаванд.
XS
SM
MD
LG