Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари ҳайати густардаи Покистон ба Тоҷикистон


Бино бар хабари расонаҳои ахбори оми Покистон, як ҳайати густардаи соҳибкорони ин кишвар рӯзи 30-юми май ба Тоҷикистон сафар мекунад. Мудири иҷроии Созмони тиҷорат ва рушди Покистон, Тариқ Иқбол Пурӣ дар Исломобод ба хабарнигорон гуфт, ин ҳайат бо даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, озими Душанбе шуда, дар форуми соҳибкорони ду кишвар ширкат хоҳад кард. Ин ҳайат аз соҳибкорони бонуфузи Покистон дар риштаҳои саноату сохтмон, кишоварзӣ ва энержӣ таркиб ёфта, қарор аст, аз тарафи сарвазири Тоҷикистон, Оқил Оқилов ба ҳузур пазируфта шавад.
XS
SM
MD
LG