Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Олмон 10 нафар аз сирояти бактерияи "Эйколӣ" фавтидаанд


Мақомоти Олмон мегӯянд, дар ин ҷо дар натиҷаи паҳн шудани сирояти бактерияи “Эйколӣ” дар натиҷаи истеъмоли бодиринги содиротӣ аз Испания 10 нафар ба ҳалокат расида, 276 нафари дигар бистариянд. Ангал асосан дар Олмон паҳн шудааст, вале мавридҳои беморӣ, ки шабеҳи исҳоли хунин аст, дар Ҷумҳурии Чех, Австрия, Маҷористон ва кишварҳои дигар низ дида шудааст. Маркази вогиршиносии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, беморӣ алҳол асосан ба калонсолон ва бештар занон сироят кардааст.
XS
SM
MD
LG