Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳосираи ду шаҳри Сурия аз сӯи нерӯҳои амниятӣ


Бино ба гузоришҳо, нерӯҳои Сурия имрӯз саркӯби тазоҳургарони зиддидавлатӣ дар ду шаҳр воқеъ дар шимоли шаҳри Димишқро идома додаанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, нерӯҳои амниятӣ бо ҳимояти тонку чархболҳо, имрӯз шаҳрҳои Ростон ва Талбисоро ба муҳосира гирифтаанд. Дар ҷараёни ин амалиёт дасти кам се нафар кушта ва чандин тани дигар захмӣ шудаанд. Ду моҳ боз аст, ки давлати Башшор Асад, қиёмҳои мардумӣ дар Сурияро саркӯб мекунад ва барои ин амалкардҳои бераҳмона, Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Башшор Ассад, раиси ҷумҳур ва нӯҳ нафар аз атрофиёни наздики ӯро аз ҳаққи сафар ба он кишварҳо маҳрум намуда ва моликияташонро ҳам масдуд карданд.
XS
SM
MD
LG