Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Миср дипломати эрониро аз боздошт раҳо кард


Ба гузориши МЕНА, хабаргузории расмии Миср, додситонии ин кишвар баъди таъйид шудани мақоми дипломатии як эронӣ ӯро раҳо кардааст. Ин дипломатро бо иттиҳоми ҷосусӣ боздошт кардаанд. Хабаргузории МЕНА навиштааст, баъди он ки вазорати умури хориҷаи Миср мақоми дипломати эрониро таъйид кард, ӯ аз боздошт раҳо шуд, аммо айни замон афзудааст, ин шаҳрванди эронӣ бар хилофи муқаррароти дипломатӣ амал кардааст. Боздошти ин фард, дар миёни талошҳои Эрону Миср барои беҳбуди муносибот сурат мегирад. Ду кишвар аз соли 1979 то кунун равобити дипломатӣ надоранд, чун баъди сулҳ бастани Миср бо Исроил, Эрон муносибот бо Мисрро қатъ кард.
XS
SM
MD
LG