Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозим, исми мустаори ҷавоне аз Қӯрғонтеппа аст, ки ба иддаои ӯ, падар ва бародари ҷавонмаргашро маҳз ба сабаби кушта шуданаш аз зарби танку БТР-и пойгоҳи 201-уми Русия, дар поёни соли 1992, ба серӣ надидааст.

Нозим аз мухолифони ашаддии истиқрори пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Қӯрғонтеппа мебошад ва мегӯяд, ин воҳиди низомии хориҷӣ бояд аз маркази маъмурии Хатлон ба берун аз шаҳр кӯчонида шавад.
Роҳҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки пас аз солҳои низоъҳои ҳамватанӣ хеле кам таъмиру бозсозӣ шудаанд, аз зарби танку тӯпҳои вазнин ва дигар воситаҳои ҳаракаткунандаи ҷангии мутааллиқ ба қисми ҳарбии марбут ба пойгоҳи низомии Русия, хеле фарсудаву вайрон шудаанд...


Дар ҳоле ки бино ба иддаои муаррихони маҳаллӣ, дар оғози даргириҳои соли 1992-юми Қӯрғонтеппа, ки шурӯи ҷанги дохилии Тоҷикистон низ ба ба ҳисоб меравад, аз танку тӯп ва аслиҳаи маҳз ҳамин пойгоҳи низомӣ истифода шудааст.

Низомиёни рус дар маркази шаҳри Қӯрғонтеппа аз даврони Шӯравӣ ба ин сӯ мустақар ҳастанд. Воҳиди ҳарбии русҳо дар шаҳри Кӯлоб ҳам, ки аз калонтарин шаҳрҳои Тоҷикистон маҳсуб меёбад, низ воқеъ мебошад.

Ҳоло расонаҳои хабарӣ ва сокинони маҳаллӣ дубора ба зарурати кӯч додани ин воҳиди низомӣ ба маҳалҳои канортар аз шаҳрҳо таъкидҳо мекунанд. Масалан, Нозим мегӯяд, дар ҳоле ки сулҳу субот дар Тоҷикистон барқарор шуда, давлат ҳатто ҳифозати марзҳояшро ба ӯҳдаи худ гирифтааст, зарурати қатъии дар марказҳои ду шаҳри азимтарини кишвар ҷо гирифтани қисмҳои ҳарбии хориҷиро намефаҳмад.

Дар бораи ҷанбаъҳои сиёсию иқтисодии масъалаи ҳузури дивизияи 201-ум чизе намегӯем, аммо он зиёне ки ба чашми ҳар сокини маҳаллӣ аён аст, мулоим карда гӯем, бисёриҳоро нороҳат мекунад.

Масъалаи якум. Дар солҳои ахир милисаи маҳаллӣ аз чандин мавриди халалдор кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар Қӯрғонтеппа хабар ёфтанд, ки омилонаш афсарону сарбозори пойгоҳи 201-уми Русия будаанд. То нисфи шаб дар тарабхонаҳо ва хиёбонҳо дар ҳоли мастӣ қарор гирифта, аз худ беодобиҳо нишон додани афсарону сарбозони рус, сокинони маҳаллиро нороҳат мекунад.

Ёдам ҳаст, ки соле пеш ҳатто мақомоти ШКД-и Қӯрғонтеппа тавассути расонаҳои хабарӣ аз раҳбарияти қисми ҳарбии мутааллиқ ба пойгоҳи 201-уми Русия хоста буданд, то аз гаштугузори бемаврид ва бетартибиҳои кормандонаш дар Қӯрғонтеппа ҷилавгирӣ кунад.

Масъалаи дуюм. Роҳҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки пас аз солҳои низоъҳои ҳамватанӣ, мулоим карда гӯем, хеле кам таъмиру бозсозӣ шудаанд, аз зарби танку тӯпҳои вазнин ва дигар воситаҳои ҳаракаткунандаи ҷангии мутааллиқ ба қисми ҳарбии марбут ба пойгоҳи низомии Русия, хеле фарсудаву вайрон шудаанд. Намедонам, ки оё барои истифода аз ин роҳҳо пойгоҳи низомии Русия ба буҷаи маҳаллӣ ягон дирам ворид месозад ё хайр, аммо воқеият ин аст, ки осори роҳҳои харобшуда аз танкҳо ва мошинҳои ҳарбии вазнини пойгоҳи рус, дар солҳои 90-ум (ва ҳоло ҳам ки дар сол чандин маротиба аз ин роҳҳо барои ҳамлу нақли танку тӯпҳо истифода мешавад), ҳанӯз ҳам боқист.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тавоноӣ ё бардошти роҳҳои маҳаллӣ дар 30 то 40 тонна маҳдуд мешавад. Вазъи баамаломада агар аз як сӯ, нигаронию эътирозҳои шадиди ронандаҳои воситаҳои нақлиётиро ба бор оварад (чун сарфи назар аз супурдани андозҳои калон, роҳҳо ҳамоно харобу валангор буда, касе дар фикри бозсозиаш нест), аз ҷониби дигар, бедоркунандаи ёддоштҳои ғамангезу нороҳаткунандаи даврони ҷангии сокинони маҳаллӣ шудааст.

Ҳоло бархеҳо бар ин назаранд, дивизияи 201-и Русия, ки дар маркази Қӯрғонтеппа мустақар аст, яке аз омилҳои оғози ҷанги шаҳрвандӣ буд. Чунки аз силоҳҳо ва васоили ҷангии ҳамин пойгоҳ дар даргириҳои соли 1992-и Қӯрғонтеппа амалан истифода шудааст. Дақиқан, гурӯҳҳое, ки дар Тоҷикистон буданд, танку тӯпу БТР-ҳои фаровон, яъне силоҳҳои вазнини низомӣ, дар ихтиёр надоштанд. Вақте ки дар хиёбонҳои Қӯрғонтеппа танкҳо пайдо шуданд, тирпаррониҳо авҷ гирифт, хонаҳоро оташ заданд, одамон аз шаҳр гурехтанд, қисмате аз одамон кушта шуданд.

Вақте яке аз омилҳои даргириву қатлу ғорату оташсӯзиҳо ҳамин силоҳҳои вазнини пойгоҳи Русия шуда буд, бисёриҳо дар Қӯрғонтеппа имрӯз ба ин андешаанд, ки мабодо аз муҳимоти он, гурӯҳҳои манфиатдор ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, ҳодисаҳои соли 1992-ро дубора ба сари мардум такрор кунанд.

Ба бовари намояндагони бархе аз созмону ҳизбҳои сиёсӣ, аз ҷумла ҲНИТ, мавҷудияти як чунин воҳиди низомии хориҷӣ дар маркази яке аз шаҳрҳои калонтарини Тоҷикистон, феълан ҳам дар пасманзари тахрибкориҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳаводиси кунунии ҷануби Қирғизистон сокинони маҳаллиро дар ҳоли тарсу изтироб нигаҳ медорад.

Устоди яке аз мактабҳои таълимоти ҳамагонии шаҳри Қӯрғонтеппа Ортиқ Асомуддинов дар сӯҳбате гуфта буд, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ ба сифати тарҷумон бо чандин созмонҳои байналмилалии нозир ва кӯмакрасон кор кардааст. Вай гуфт, дар сӯҳбати қумандонҳои собиқ Фронти халқӣ бо гӯши худ шунидааст, ки дар даргириҳои замони ҷанг дар минтақаи Қӯрғонтеппа нерӯҳои мусаллаҳи ҳукуматӣ аз васоили низомии пойгоҳи 201-уми Русия фаровон истифода кардаанд.

Ҳамакнун шоҳидони ҳол мегӯянд, бисёре аз қумандонҳои Фронти халқиро дар наздикиҳо ва андаруни воҳиди низомии пойгоҳи 201-уми Қӯрғонтеппа дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дидаанд. Дар миёни онҳо аз ҷумла аз Сангак Сафаров, Файзалӣ Саидов ва Маҳмуд Худойбердиев ном бурда мешавад.

Сарфи назар аз ин ки дар гузашта ва имрӯз оид ба нақши воҳиди низомии Русия мустақар дар Қӯрғонтеппаю Кӯлоб, дар таъмини суботи минтақаи ҷанубии Тоҷикистон дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарории сулҳи тоҷикон, саволгузорӣ мешавад, мақомоти расмии Хатлон аз изҳори назар дар ин мавзӯъ худдорӣ мекунанд.

Аммо бо ишора ба Нозим, ҷавони қӯрғонтеппагӣ, фикр мекунам, ки хонандаи арҷманди мо дар изҳори назар ба фарқ аз мақомоти расмӣ озодтар аст. Ҳамин тавр не?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG