Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дидори писари Младич бо падараш ва баёнияи ӯ


Дарко Младич мегӯяд, падараш дар қатли оми Сребренитса даст надорад.

Дарко Младич мегӯяд, падараш дар қатли оми Сребренитса даст надорад.

Писари Ратко Младич, як серби муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангӣ, ки баъди 16 соли фирор боздошт шуд, мегӯяд, падараш ба қатли ом дар шаҳри Сребренитсаи Боснӣ даст надорад. Дарко Младич, дар ин бора баъди мулоқот бо падараш сухан гуфт, ки мунтазири истирдод аз Сербистон ба Додгоҳи Созмони Милал дар Гаагаи Ҳолланд аст. Вакили дифоъи Ратко Младич, вазъи сиҳатии ӯро мояи ташвиш хондааст. Ратко Младичи 69-сола ба тарҳрезии қатли дасти кам 7 ҳазор нафар босниҳои мусулмон дар шаҳри Сребренитса муттаҳам мешавад. Ин ҳодиса дар ҷангҳои Босния дар солҳои 1992 то 1995 ба вуқӯъ пайвастааст. Ва имрӯз садҳо нафар аз миллатгароёни тундрави серб дар шаҳри Белград ба нишони эътироз аз боздошти Ратко Младич, раҳпаймоӣ карданд. Яаке аз онҳо Слободан Божич мегӯяд:"Ратко Младич, фармондеҳи миллати серб буд ва боздошти ӯ шарми бузург барои мардуми серб ва кишвари мост. Ӯ қаҳрамони миллати серб аст, ӯ миллати моро дифоъ мекард ва барои ҳамин мо бояд берун омада ва ҳимоятамон аз ӯро нишон диҳем." Мақомот, дар остонаи раҳпаймоӣ, тадобири амниятӣ дар шаҳрро тақвият доданд.
XS
SM
MD
LG