Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон 6 нафар аз бемории ҳорӣ фавтидаанд


Бино ба гузоришҳо, тайи ду моҳи гузашта дар Тоҷикистон бар асари бемории ҳорӣ 6 нафар даргузаштаанд. Дар як гузориши дафтари Созмони Милал дар Тоҷикистон омадааст, ба эҳтимоли қавӣ набуди доруҳои лозим, сабаби аслии бо марг анҷомидани бемории ҳорӣ будааст, ки бемории муолиҷашаванда аст. Дар ин гузориш омадааст, танҳо дар ҳафтаи аввали моҳи май панҷ мавриди ҳалокати афрод бар асари газидани саги девона дар ноҳияи Рӯдакӣ сабт шудааст ва табибони ин ноҳия гуфтаанд, давоҳои лозим барои ин беморӣ ва ваксина алайҳи бемории ҳориро надоранд.
XS
SM
MD
LG