Пайвандҳои дастрасӣ

Бин Ҳаммом аз роҳ сӯи раҳбарии ФИФА баргашт


Муҳаммад Бин Ҳаммом мегӯяд, иддаъоҳо доир ба ришвагирӣ нисбат ба ӯ дурӯғ аст.

Муҳаммад Бин Ҳаммом мегӯяд, иддаъоҳо доир ба ришвагирӣ нисбат ба ӯ дурӯғ аст.

Муҳаммад Бин Ҳаммом, раиси Федератсиюни Футболи Осиё, номзадиаш ба мақоми раиси ФИФА, Федератсиюни Байналмилалии Футболро пас гирифтааст, ки ҳоло бо моҷароҳое дар мавриди ришвахорӣ олуда шудааст. Ӯ дар бораи ин қарор худ, чанд соат пеш аз оғози нишасти кумиссиёни ахлоқии ФИФА эълом дод, ки дар назди он доир ба иттиҳомоти ришвахорӣ посух бояд мегӯяд. Муҳаммад Бин Ҳаммом, ин иддаъоҳоро рад карда ва гуфтааст, ба хотири олуда нашудани номи ФИФА номзадии худро пас мегирад. Сепп Блаттер, номзади дигар ва раиси кунунии ФИФА низ, барои бозпурсӣ ба кумиссияи ахлоқӣ даъват шудааст.
XS
SM
MD
LG