Пайвандҳои дастрасӣ

Тарафдорони Ратко Младич раҳпаймоӣ мекунанд


Ин фармондеҳи нерӯҳои сербро аз тарроҳони қатли оми 8000 ҷавону навраси босниҳои мусулмон дар маҳалли Сребрениста медонанд.

Ин фармондеҳи нерӯҳои сербро аз тарроҳони қатли оми 8000 ҷавону навраси босниҳои мусулмон дар маҳалли Сребрениста медонанд.

Мақомоти Сербистон ба хотири монеъ шудан ба нооромиҳои эҳтимолӣ дар ҷараёни тазоҳуроти имрӯза ба тарафдории Ратко Младич, муттаҳам ба ҷиноятҳои ҷангӣ тадобири амниятиро дар шаҳри Белград тақвият додаанд. Гурӯҳҳои чапи ифротгаро дар Сербистон имрӯз мехоҳанд ба нишони эътироз аз боздошти Младич раҳпаймоӣ кунанд, ки ӯро пас аз 16 соли ҷустӯҷу рӯзи 26 май дастгир карданд. Ратко Младичро аз тарроҳони қатли 7 ҳазор наврас ва мардони мусулмон дар замони ҷангҳои боснӣ дар солҳои 1992 то 1995 медонанд. Қарор аст, ӯро барои муҳокима бо иттиҳомоти ҷиноятҳои ҷангӣ, наслкушӣ ва ҷиноят алайҳи башарият базудӣ аз Сербистон ба Додгоҳи Созмони Милал дар шаҳри Гаагаи Ҳолланд интиқол диҳанд.
XS
SM
MD
LG