Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи қавӣ ба системаҳои як ширкати аслиҳасозӣ


Ин ҳавопаймоҳои пешрафтаи ҷангии F-35 ҳосили кори Локҳид Мартин аст.
Ин ҳавопаймоҳои пешрафтаи ҷангии F-35 ҳосили кори Локҳид Мартин аст.
Ширкати Локҳид Мартин, аз бузургтарин фӯрушандаҳои аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ дар ҷаҳон, эълом кард, ки шабакаҳои мухобиротиаш, мавриди як ҳамлаи бузурги сайберӣ қарор гирифтааст. Мақомоти ин ширкати амрикоӣ дар як баёнияи расмӣ гуфтанд, талош барои рахна кардани шабакаҳои Локҳид Мартин “чашмгир ва сарсахтона” будааст, аммо аз ин ҳамла системаҳои мухобироти он эмин мондаанд ва “ҳеҷ мизоҷ, барнома ва ё иттилоъоти хусусӣ” аз он дуздида нашудааст. Вазорати дифоъи Амрико гуфт, ҳамроҳ бо ширкати Локҳид Мартин сарчашмаҳои ҳамларо таҳқиқ мекунанд. Локҳид Мартин, аз ҷумла офарандаи ҳавопаймоҳои ҷангии F-16, F-22 ва F-35 аст ва бо арзиши миллиардҳо доллар ба кишварҳои ҷаҳон силоҳ мефӯрушад.
XS
SM
MD
LG