Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти афғон: "Дар ҳамлаи НАТО 14 кӯдак ҷон дод"


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, бар асари як ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои НАТО дар ҷануби кишвар 14 нафар ва аксаран кӯдакон кушта шудаанд. Довуд Аҳмадӣ, сухангӯи ҳукумати маҳаллӣ, гуфт, ҳодиса рӯзи шанбе дар ноҳияи Навзоди вилояти ҷанубии Ҳилманд ба вуқӯъ пайваста ва дар натиҷа 6 нафари дигар захмӣ шудаанд. Дар баёнияи расмии мақомот гуфта мешавад, аз миёни 14 нафар қурбонӣ 12 нафар кӯдакон, 7 писар ва панҷ духтар будаанд. Тим Ҷеймс, сухангӯи НАТО гуфт, маҳалли ҳодиса аз тарафи нерӯҳои эътилоф таҳқиқ мешавад.
XS
SM
MD
LG