Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти раҳбари ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон


Сергей Багапш
Сергей Багапш
Сергей Багапш, раҳбари ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон дар яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав аз дунё даргузаштааст. Бахши русии Радиои Озодӣ мегӯяд, Сергей Багапши 62-сола рӯзи 21-уми майи соли ҷорӣ ҷарроҳӣ шуда буд. Ҳарчанд табибон гуфтаанд, ки Багапш ҷарроҳиро муваффақона пушти сар кардааст, вале пас аз чанд рӯз вазъи сиҳҳати ӯ бад мешавад ва субҳи рӯзи 29-уми май дунёро падруд мегӯяд. Маросими видоъ бо раҳбари ҷумҳурии ҷудоиталаби Абхозистон рӯзи душанбеи 30-юми май дар Маскав баргузор шуда, ӯ дар зодгоҳаш дар Абхозистон ба хок супурда хоҳад шуд. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои хабаргузориҳо, Александр Анкваб муваққатан масъулияти раисиҷумҳури Абхозистонро ба дӯш гирифтааст. Интихоботи нави президегнтӣ дар Абхозистон пас аз се моҳ баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG