Пайвандҳои дастрасӣ

Тими “Истиқлол”-и Душанбе ғолиби давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ гардид.

”Истиқлол”, қаҳрамони феълии Тоҷикистон, дар бозии давраи ёздаҳуми мусобиқот, ки дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе баргузор шуд, бар
Дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бо 20 имтиёз дар ҷои дуввум ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо 19 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд...

тими “Шодмон”-и Ҳисор бо ҳисоби 3:1 ғолиб омад.

Дилшод Восиев, бозигари “Истиқлол”, дар дақиқаи 18-уми нимаи аввали дидор ҳисобро боз кард. Се голи дигар дар нимаи дуввуми бозӣ зада шуд.

Комрони Мирзохон, бозигари “Шодмон”, дар дақиқаи 73-юм ҳисобро баробар намуд. Юсуф Рабиев, капитани дастаи “Истиқлол”, голи дуввуми ин дастро дар дақиқаи 86-ум ба самар расонд. Дилшод Восиев, қаҳрамони ин бозӣ, дар замони изофӣ (90+3) ҳисобро афзун кард.

Дар бозии охирини даври ёзҳдаҳуми мусобиқот дастаи “Хайр”-и Ваҳдат дар майдони худ ССКА ”Помир”-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.

Парвиз Турсунов дар дақиқаи 31-ум аз ҷаримаи 11-метра ҳисобро кушод. Ду голи дигарро Муҳаммад Дӯсгалӣ, легионери эронӣ ва Фазлиддин Сафаров дар нимаи дуввуми дидор заданд.

Ҳамин тариқ, давраи аввали мусобиқот бо пирӯзии “Истиқлол” ба анҷом расид.

Душанбегиҳо дар 8 бозӣ 22 имтиёз ба даст оварданд. Бояд гуфт, ки “Истиқлол” ду бозӣ камтар анҷом додааст. Бозиҳои мавқуфмондаи “Истиқлол” бо “Хайр” (дар меҳмонӣ) ва “Гвардия” (дар майдони худ) ба мӯҳлати дертар гузошта шудааст.

Дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 20 имтиёз дар ҷои дуввум ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 19 имтиёз дар ҷои севум қарор доранд.

Тими “Хайр”, ки як бозӣ камтар кардааст, бо 17 имтиёз дар ҷои чаҳорум мебошад.

Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Фозил Сатторов (“Равшан”) бо шаш гол дар ҷои аввал аст. Аҳтам Ҳамроқулов (“Вахш”), Габриэл Донто (“Энергетик”), Комил Саидов (ССКА ”Помир”), Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) ва Худойдод Нусратов (“Шодмон”) панҷголӣ задаанд.

Марҳалаи дуввуми мусобиқот рӯзи 31-уми майи соли ҷорӣ шурӯъ шуда ва панҷ бозӣ баргузор мегардад:

“Хайр” – “Энергетик”
“Равшан” - “Хуҷанд”
“Вахш” – “Парвоз”
ССКА “Помир” – “РегарТадАЗ”
“Гвардия” – “Шодмон”


Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

"Истиқлол"

8

7

1

0

19-3

22

2.

"Равшан"

10

6

2

2

16-8

20

3.

"Регар-ТадАЗ"

10

6

1

3

19-12

19

4.

"Хайр"

9

5

2

2

13-5

17

5.

"Энергетик"

10

5

1

4

14-14

16

6.

уҷанд"

10

4

3

3

11-13

15

7.

ССКА "Помир"

10

4

1

5

17-18

13

8.

"Шодмон"

10

3

1

6

15-17

10

9.

"Парвоз"

10

3

0

7

11-26

9

10.

"Вахш"

10

2

0

8

9-15

6

11.

вардия"

9

1

2

6

7-19

5

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG